Он кафи назорагӣ , ин аз ду олам май барад

Дар миёни ин ду Юсуфи фарқ эй бино бибин

Гар надидӣ тарҷумони розҳои ғайб ро

Он хати нозуки рақамро гирди он лабҳо бибин

Дар чунин вақте ки аз хати субҳи маҳшар май дамад

Чашм хоб олуд он маъшӯқ бепарво бибин

Ин сафар кӯтаҳ намегардад ба шабгири баланд

Умри ҷовидон ба дасти ори он қад раъно бибин

Осмонро як нафас аз шӯри ишқ ором нест

Зин май пари зӯри дасти афшонӣ мино бибин

Дидаро соиби зи хуршеди қиёмати оби даҳ

Баъд азон бар чеҳраи он оташин симо бибин

Рӯй дар майхона кун оромиш дилҳо бибин

Олимиро фориғ аз андеша фардо бибин

Ин тааюн чун ҳубоб аз бастаи чашмӣ ҳои туаст

Чашм бигушо , ҳайчии худро дарин дарё бибин

Ишқ бемаъшӯқ ҳайҳот аст гардад ҷилва гар

Дар либоси беди маҷнӯни ҷилва Лайлӣ бибин

Нисбати девона ва шаҳраст тӯфону танур

Арзи савдои маро дар доман саҳро бибин