Холро дар зери зулфи он парӣ пайкар бибин

Гар надидӣ донаро аз дом гиротар бибин

Май гудозади нурро дар чашми ҳасан бе ниқоб

Бодаи гулрангро дар шиша ва соғар бибин

Давр аз инсофаст печидани сар аз савдои мо

Узри хоҳи дасти холии чеҳра чун зар бибин

Аз гиребони таҷарруд чун масеҳо сар барор

Байзаи хуршедро дар зери бол ва пар бибин

Гар надидӣ дар замири нуқтаи сад дафтари сухан

Дар даҳони танг ӯ сад бӯсаро мзмр бибин

Гар надидӣ бар лаби кавсари ҳуҷуми ташнагон

Дар ғубори хати ниҳони он лаъли ҷон парвар бибин

Брнёўрдаҳаст даст аз остин то рӯзгор

Зери пои худ яке эй нахл бороўр бибин

Чашм бигушо дар муҳӣти ишқ ва аз мавҷу ҳубоб

Сад миён бекамар бо афсар бесар бибин

Дарди дилро дидани расмӣ зиёдат ме кунад

Исои ман дардмандонро азин беҳтар бибин

Ҷисм зиндонаст бар ҷон ҳар қадари софӣ буд

Изтироби обро дар сина гавҳар бибин

Нест соиб бе ғубори тирагии пои чароғ

Лолаи рӯйони чаманро аз бурун дар бибин