Чашм хоб олуд ӯро дар хам абрӯ бибин
Тезӣ шамшер бингар , ғифлат оҳӯ бибин
Дар кафи дасти сулаймон гар надидӣ мӯр ро
Чашм бигушо холро бар сафҳаи он рӯ бибин
Печу тоб дилрабое нест махсӯси камар
Соф кун ойӣнаро ин шева дар ҳар мӯ бибин
Зулфаш аз ҳар ҳалқа дорад чашм бар роҳи дилӣ
Дар ба даст овардани дили иҳтимом ӯ бибин
Ҳаргиз аз хӯни шикории боли тираш тар нашуд
Шасти софи длгшои он камон абрӯ бибин
Май гудозади чашмро хуршед бе абри тнк
Ҷилваи он сарви сими андомро дар ҷӯ бибин
Хилвати оғӯшро аз нақши анҷум пок кун
Баъд азон чун ҳолаи дилҷӯе азон ма рӯ бибин
Шаҳсаворӣ нест ёри мо каз ӯ гардани кашанд
Дар хами чавгони ҳукмаши чархро чун гӯ бибин
намекунад номарди обу нони дунёи мард ро
Ҳамчуи мардони хӯни дили хур , қӯт бозу бибин
намекашад зангори қад чун сарв бар ойӣна ам
Тухми ғамро дар замини поки ман неру бибин
Ончии ҷам дар ҷом аз асрор натавонист дид
Хешро бар ҳам шикан дар коса зону бибин
Хӯбии дунёи зи уқбои пушти корӣ беш нест
Чанд соиби маҳви пушт кор бошӣ , рӯ бибин