Ба умеди иқомати дил ба асбоби ҷаҳон бастан
Буд шероза аз ғифлат ба авроқи хазон бастан
Ба худсозии қаноат аз баҳор ва зиндагонӣ кун
Макун дар фасли гули авқоти сарфи ошён бастан
Манеҳ бар олами афсурда , дил аз кӯтаҳи андешӣ
Ки ҳаст аз хомкорӣ дар танури сарди нон бастан
Машав бо қомати хами ҳалқаи даргоҳ , дунон ро
Ки дар баҳри камон бояд тавваҷуҳ бар нишон бастан
Надорад нолау фарёд бо дилбастагии судӣ
намебоист худро чун ҷарас бар корвон бастан
Хамӯшӣ серумаи кӯҳи баланд овоз ме гардад
Ба лаб бастан тавон беҳудаи гӯйонро забон бастан
Надорад аз муруввати баҳри обӣ дар ҷигар , варна
Садафро ме тавон бо қатра чанде даҳон бастан
Мурувват нест аз доғи ятемӣ сӯхтани гул ро
Ба оҳӣ варна нахли боғбонро ме тавон бастан
Ба ҳамроҳони по дар гули носитади умр кам фурсат
Дар аснои дамӣдани ҳамчуи не бояд миён бастан
Мазан чин бар ҷабини вақти нузул дар ду ғами соиб
Ки айбаст аз карямон дар ба рӯй миҳмон бастан