зи дили маҷмӯъае ҳар рӯзи имло ме тавон кардан

Азин як қатраи хӯни сад номаи иншо ме тавон кардан

Агар рӯй дилӣ аз корфармо дар миён бошад

Ба нохуни сангро ойӣнаи симо ме тавон кардан

Нагардад лангари тамкини ҳарифи нолаи ошиқ

Ба ҳўиии бесутунро дашти паймо ме тавон кардан

Гурезади лашкари хоби гарон аз қатраи обӣ

Ба як паймона аз сари ақлро во ме тавон кардан

Нагиригар ба марҳами рахнаи ғмхонаҳи дил ро

Азин равзани ду оламро тамошо ме тавон кардан

Агар дарюза ҳиммат кунӣ аз шавқ бе парво

Сафар дар обу оташ бемуҳобо ме тавон кардан

Хати покии зи сайлоб фано дорад вуҷӯди мо

Чаҳ аз мо ме тавон бурдан , чаҳ бо мо ме тавон кардан ?

Агар бар дилгузорӣ ҳамчуи киштии бори мардум ро

Ба осонии сафар бар рӯй дарё ме тавон кардан

Агар чаҳ музди кор худ намедонам ду олам ро

Ба инсофии маро аз худ тасаллӣ ме тавон кардан

Дар он водӣ ки ман тарҳи шикор афкандаам соиб

Ба доми анкабутони сайди анқо ме тавон кардан