зи хомшии дил равшан шавад сиёҳи маро
Сиёҳи хайма Лайлӣаст дӯди оҳи маро
зи доғи зери нигин манаст рӯй замин
зи ашку оҳ буд лашкару сипоҳи маро
Чу гирдбод ба саргаштагӣ баромада ам
намеравад дили гмраҳ ба ҳеҷ роҳи маро
Ҳубоби монеъи ҷӯшу хурӯш дарё нест
зи мағз , шӯр нагардад кам аз кулоҳи маро
наме тавон ба насиҳати Аннани ман печид
Надошт зулф ба занҷирҳо нигоҳи маро
Ба ранги зарди з динор гаштаам қонеъ
Чу каҳрабо напарад чашми баҳри коҳи маро
Ним ба ҳамсафарони бор аз туҳидастӣ
Ки ҳаст аз дили сад пораи зоди роҳи маро
Ҳарифи саркашӣ нафас нест Юсуфи ман
Ҳазизи чоҳ буд ба зи авҷи ҷоҳи маро
Чу шамъ , зиндагӣам сарф шуд ба ларзидан
Нашуд ки даст ҳимоят шавад паноҳи маро
Маро ба ҷозиба , эй мейр корвон дарёб
Ки монда кард гронбории гуноҳи маро
Агар чаҳ гавҳари ман чашм мекунад равшан
намехаранд азизон ба барги коҳи маро
Маро ба олами болои расонади як ҷиҳатӣ
Нагашт каъбау бтхонаҳи санги роҳи маро
зи зуҳди хушки марои зиндаи зер хок макун
Мабар зи майкадаи зоҳид ба хонақоҳи маро
Забон узр надорам зи рӯсиёҳӣ ҳо
Магар шавад арақи шарми узрхоҳи маро
Марои зи сайли гаронсанги ҳеҷ парво нест
Хароб беш кунад оби зери коҳи маро
Ҳазор лутфи тамаъи доштами зи содаи дилӣ
Накард чашми ту мамнӯн ба як нигоҳи маро
Куҷост фурсати машқи ҷунуни марои соиб ?
Ки бардаи дасту дил аз кор , мади оҳи маро