Чун з меафрӯхтӣ он оризи пари нур ро

Доғ бетобӣ чироғон кард кӯҳи тавр ро

Аз сари пари шӯри мо эй ақли ноқис дар гузар

Посбонӣ нест ҳоҷати хонаи занбӯр ро

Бар гули рухсор ӯ он холи дилкашро бибин

Бар кафи дасти сулаймон гар надидӣ мӯр ро

Булбул бе шарми гарми нола биҷо гашта аст

Ошиқи хомӯш бояд ғунчаи мастур ро

эй хат бераҳм , даст аз дона холаш бидор

Аз назар пинҳон макун , дилхуш кун сад мӯр ро

Пеши азин холаши чунин бераҳму сангин дил набӯд

Хат мишкӣн кард хок олуд ин занбӯр ро

Дардро бо дардмандон илтифот дигараст

Бо сар бандаст пайванд дигар сотўр ро

Ҳар матоъиро харидорӣаст соиб дар ҷаҳон

Баҳри захм ошиқон дорад қиёмати шӯр ро