Басаст теғи тағофули ман балоҷу ро

Макун ба хӯни ман олӯдаи теғи абрӯ ро

Куҷост ҷозибаи толеъи сулаймонӣ ?

Ки оварад ба сарои ман он прирў ро

Чу доғи лола ба хӯни каъба ғӯта зад он рӯз

Ки ғамзаи ту камари басти теғи абрӯ ро

Канора кардани маҷнӯни зи халқ , таълимӣ аст

Ки ме тавон ба нигаҳ ром кард оҳӯ ро

Касе саромади гулзор ғунча хусбон аст

Ки бишиканади сараш аз бори дард , зону ро

Ниҳоли қомати чобуки савори ман тирӣ аст

Ки ҳаст хонаи зин , хонаи камон ӯ ро

Мулоимати сипару ҷавшан заъифон аст

зи захми теғ хатар нест хомаи мӯ ро

Агар на рутба назмаст , аз чаҳ рӯи соиб

Мақом бар сар чашмаст байти абрӯро ?