зи ҳам наме гусалади айши ҷовдонаи мо

Хумор субҳ надорад май шабонаи мо

Туро ки завқ сухан нест фикр соғар кун

Ки гашти чоки гиребони шробхонаҳи мо

Фасонаи дгарони хоб дар бағал дорад

Ба чашми хоб намак мезанад фасонаи мо

Арақ фишонӣ абри баҳор рангин аст

Кунун ки холи лаби кишти гашти донаи мо

Ба ноз кӣ чаҳ майонаш , чаҳ ҷисми лоғари ман

Дуе канора гирифтааст аз миёнаи мо

Замини зи барги хазони дидаи хирқа пӯш шавад

Агар баҳор кунад ранги ошиқонаи мо

Куҷост доми фано то гулӯӣ мо гирад ?

Қафас хилол шуд аз фикри обу донаи мо

Касе намонад ки бар оҳ мо насӯхт дилаш

Сиррӣ кашид ба ҳар равзании забонаи мо

Хумори ишқат агар дардисар диҳад соиб

Сиррӣ бикаш ба ғазалҳои ошиқонаи мо