Ба ҷурми ин ки каллаи каҷ ниҳодааст шукуфа

Ба рӯй хоки мазаллат фитодааст шукуфа

Гиреҳи зи кӣсаи пари зар кушодааст шукуфа

Салои ҷӯад ба офоқ додааст шукуфа

Ғанимат аст бигир аз чамани бароти нишотӣ

Дарин ду ҳафта ки дафтар кушодааст шукуфа

Чигуна фарқ кунад кӯчаро касе зи хиёбон ?

Ки ҳамчуи барф ба ҳар ҷо фитодааст шукуфа

Ҳавои гирифтаи зи боғи вуҷӯд , фари ҷавонӣ

Шигифт нест агар пирзодаҳаст шукуфа

Агар на саҳни қиёмат шудааст арсаи гулшан

Ба дасти бод чаро нома додааст шукуфа

Бисоти айш чаро рӯзгор паҳн насозад ?

Гиреҳи зи риштаи гавҳар кушодааст шукуфа

Пиёлаи гир ки то чашм боз мекунӣ аз ҳам

Кулоҳи хусравӣ аз сар ниҳодааст шукуфа

Ҳамеша май пурд аз шавқи ҳамчуи дидаи соиб

зи ҷилва ки дил аз даст додааст шукуфа ?