Чашмӣ ки шуд з дидани ҳасани офарини ҷудо

Хӯн мехӯрд зи ҷилва ҳар нозанини ҷудо

Шаби кори ман гудохтану рӯз мурдан аст

То ҳамчу мум гаштаам аз ангабини ҷудо

Чун рафт дили зи даст , наёяд ба ҷои хеш

Чун нофае ки гашти зи оҳӯии чини ҷудо

Печидаи ҳамчуи гирди ятемӣ ба гавҳарем

Моро з икдгр накунад остини ҷудо

Ҳар ҷо кунанд нақл , шавад нақли анҷуман

Ҳарфӣ ки шуд азон ду лаби шаккарини ҷудо

Чун пардаҳои дида ёқӯб шуд сифед

То шуд садафи зи суҳбат дар смини ҷудо

Гарӣанд хӯн ба рӯзи ману рӯзгори ман

Ҷони ҳазини ҷудо , дили андӯҳгини ҷудо

Домони соилон , сипари барқ офат аст

Аз ҳеҷ хирманӣ нашавад хӯшаи чини ҷудо !

Чун брхўрӣ ба сангдилони нарми шӯ ки мум

Аз рӯй нарм , нақш кунад аз нигини ҷудо

Соиб дар офтоби ҷҳонтоб маҳв шуд

Ҳар шабнамӣ ки шуд зи гулу ёсамини ҷудо