Ҳар кас накарда дар гарав май китоб ро
Нагирифтааст аз гули коғази гулоб ро
Дилро зи дарду доғ ба тадриҷ пухта кун
Ҳушдор хомсўз насозӣ кабоб ро
Шармӣ бидор аз ҷигари оташини мо
То чанд чун гуҳар ба гиреҳи бандии обро ?
Равшандилони зи марг муҳобо наме кунанд
Нур аз завол кам нашавад офтоб ро
Умри дубораи масъалати онҳо ки ме кунанд
Гуё надидаанд ҷаҳони хароб ро
Даст аз ҳаво бишӯй ки тарки ҳавои пуч
Дар як нафаси расонад ба дарёи ҳубоб ро
Рӯй сияҳ ба ашк надомат шавад сифед
Борон баровард зи сиёҳии саҳоб ро
Аз хати малоҳат лаб мегаван ӯ фузуд
Шӯр аз намак зиёда шавад ин шароб ро
Ҳар субҳу шом , ғайрати он ҳасан бе завол
Хӯн аз шафақ кунад ба ҷигари офтоб ро
Бас нест чашми нарми турои пардаҳои хоб ?
Каз махмали ду хоба кунӣ рахти хоб ро
Оради бурун чу тири хаданг аз камони сахт
Умеди хокбўси ниҳоли ту об ро
Соиби куҷо ба зарраи мо раҳм мекунад ?
Гардун ки хокмол диҳад офтоб ро