Саргашта чанд фикр парешон кунад туро ?

Дар хонаи грдбд биёбон кунад туро

Аз шарбати Масеҳ буд хушгувортар

Дардӣ ки бе ниёзи з дармон кунад туро

То қатрае зи оби сбкрўҳ теғ ҳаст

Об бақо махӯр ки гронҷон кунад туро

Ганҷи гуҳар ба хона харобон шавад насиб

Даст касе бабўс ки вайрон кунад туро

Девор дар миёни ту ва баҳр ме кашад

Чун қатра ҳар ки гавҳар ғалатон кунад туро

Бар гардани ту тавқи гаулӯгири бандагӣ

Беҳтари зи хотамӣ ки сулаймон кунад туро

Дар малик ҳасан мекунадат молики алрқоб

Гар ишқи ҳамчуи зулф парешон кунад туро

Резад ба чоки перҳани моҳи Мисри хор

Он сангдил ки гул ба гиребон кунад туро

Аз санг , сайру давр фалохан шавад зиёд

Тамкин чигуна манъи з даврон кунад туро ?

Раҳзан шавад зи пардаи шаби дили сиёҳ тар

Хат чун зи хӯни халқ пушаймон кунад туро ?

Чашми ту дар хумор , ҷаҳонии кабоби сохт

Хунаш ба гарданаст ки мисатон кунад туро

Соиб чу дар бисоти ҷаҳони барг айш нест

Дар доғи ғӯтаи зан ки гулистон кунад туро