Бодом талх нест сазовори қанд ро
Дар кори ғайр чанд кунӣ нӯшхандро ?
Май зердаст худ накунад ҳӯшманд ро
Пурвой сайл нест замини баланд ро
Даврӣ диҳад натиҷаи шикояти зи сӯзи ишқ
Як нола давр кард зи оташи сапанд ро
Гар пистаро ба қанд наҳуфтанд дигарон
Дар писта кард хати ту пӯшидаи қанд ро
Зон зулфи пар шикан машав эмин ки ме шавад
Аз чини дароз , дасти таъаддии каманд ро
Шоиста нест ояи раҳмат ба кофарон
Зойеъ макун ба ғайр , нигоҳи кашанд ро
Эмини зи шикваи лаби хомӯш мо машав
Кин сайли тунд , май гусалади зуди банд ро
Чун нафас шуд салими нигаҳбон дил шавад
Бим аз саг шубон набӯд гӯсфанд ро
Меҳр аз даҳони бастаи кушояд ба рӯй гарм
Оташ тиҳӣ кунад зи фиғони дили сапанд ро
Хуш бош бо шикастагии дил ки оқибат
Пайдо шавад зи чин , яди тӯлии каманд ро
Пайкони даҳони хандаи сӯфорро набаст
Фикри дил ғамин набӯд ҳарза ханд ро
Бедори хӯни мурда ба нашутур наме шавад
Таъсир нест дар дил бе дарди панд ро
Дил мекашад зи зулф ба хати бештар ки ҳаст
Мори сияҳ , дарозии шаби дардманд ро