Дар кӯии ишқ раҳ набӯд Ҷабраил ро

Пай кардааст тезии ин раҳи далел ро

Бахти сияҳ гилӣм надорад ғами газанд

Ҳоҷат ба нил нест рух равад нил ро

Хуршеду маи марои натавонади зи роҳи барад

Ҳар шӯхи дидае нФрибди халил ро

Дил медиҳад ба ним тапиши арзи ҳоли худ

Ҳоҷат ба нома бар набӯд Ҷабраил ро

Дар базм аҳл дид , нигаҳи тарҷумон бас аст

Гул мезанем равзанаи қолу қил ро

Бар зӯри худ мноз ки як мушти болу пар

Дарҳами шикасти шавкати асҳоби фил ро

Ҳайронии ҷамоли ту гирдам ки карда аст

Аз ҳасани сайри чашм , худои ҷамил ро

Гӯйанд бозгашти бахилон буд ба хок

Ҳошо ки ҳеҷ хоки пазиради бахил ро

Ҳар ҷои ҳадиси аҳли сухан дар миён фитад

Соиб бихон ту ин ғазал бебадӣл ро