Аз бас гирифт танагии дил дар миёни маро
Дар коми ҳамчу ғунча нагардад забони маро
Аз боли саъии қӯти парвоз рафта аст
Варна даҳони мор буд ошёни маро
Аз фикри ризқ , чок чу гандум ба дил фитод
Афканд дар танури сад андешаи нони маро
Холи ту ҳар чаҳ май барад аз кӣса ман аст
Ин дузд ёфтааст дарин корвони маро
Барад аз дилами ҳавои ватанро хаёли давр
Фикри ғариб , кард ғариби ҷаҳони маро
Аз остони дил ба чаҳ ҷониб сафар кунам ?
Шҳпр шикастааст дарин ошёни маро
Дар шукри новаки ту чаро кӯтаҳӣ кунам ?
Парвардааст мағзи азин устихони маро
Нофи маро ба теғ хамӯшӣ бурӣда анд
Натавон гиреҳ гушӯд ба теғ аз забони маро
Шаҳбози ман зи дасти шаҳон туъма ме хӯрд
Натавон чу саг фирефт ба ҳар устихони маро
Раҳмӣ каз иштиёқи қад чун хаданги ту
Хамёза хона кард ба дил чун камони маро
Аз интизори дидаи ёқӯб бохтан
Як чашмаи матоъ буд аз дукони маро
Соиб шавад шукуфтаи гул аз нолаҳои ман
Домани кашон ба боғи баради боғбони маро