Аз бода чун кунад арақ олуд моҳ ро

Дар чашм офтоб бисӯзад нигоҳ ро

Корам ба Юсуфӣаст ки аз ҷилваҳои шӯх

Дар рақс гирдбод фикандааст чоҳ ро

Бар сафҳаи изори ту , аз нуқтаҳои хол

Кардааст калаки сунъи нишони бӯсаи гоҳ ро

Тӯмори ноумедии мо ногушӯданӣ аст

Печидаем дар гиреҳи ашк , оҳ ро

Ишқаст ғмгсори дили нотавони мо

Барқаст шамъ бар сари болини гиёҳ ро

Умед раҳматаст Аннани тоб , варна ҳаст

Оҳи надоматӣ ки бисӯзад гуноҳ ро

Чун сабза аз гаронӣ мо монад зери санг

Шавқӣ ки сохт шҳпри девор , коҳ ро

Бо дидаи надидаи ошиқ чҳо кунад

Рӯе каз офтоби ду дил карда моҳ ро

Чун хок мекунанд ба сари оҳӯони чин

Дар рӯзгори зулфи ту машки сиёҳ ро

Ҳар ғунчае ки ҳаст дарин боғу бӯстон

Дорад азу шикастани тарафи кулоҳ ро

Соиби ҳамон зи даврии раҳ шиква ме кунем

Хобида кард ғифлати мо гарчи роҳ ро