Нест аз рози ниҳони ман хабари ҷосус ро
Набзи ман банд забон гардид ҷолинус ро
Бенадомат нест ҳар ҳарфӣ ки аз лаб сар занад
Бахяи зан аз хомшии ин рахнаи афсӯс ро
Нола дил кард расвои ишқи пинҳони маро
Нест мумкин дар бағал кардани ниҳони ноқавс ро
Соҳибони кашф бе қадаранд дар даргоҳи ҳақ
Нест дар девони шоҳони рутбае ҷосус ро
Нест монеъ аз тамошои ҷомаи фонӯси шамъ
Вой бар шамъӣ ки аз партав кунад фонӯс ро
Чун пар ва болӣ набошад , роҳ озодӣаст банд
Равзан зиндон кунад дилгиртар маҳбӯс ро
Ишқ дар ҳар дил ки афрӯзади чароғи дӯстӣ
Чун пари парвонаи сӯзади пардаи номӯс ро
Олами маъқӯл бар ҳар кас ки соиб ҷилва кард
Нашимурд мавҷи сароби ин олами маҳсус ро