Доими з нозукӣаст дили аФгори шиша ро
Хӯн мечакад мудоми зи гуфтори шиша ро
Ёдовар аз хумори гаулӯгири субҳгоҳ
Холӣ макун зи бода ба якбори шиша ро
Ҳар чанд хушгувор буд бодаи ғурур
Зин май фузуни зи санги нигаҳи дори шиша ро
Аз ханда сулҳ кун ба табассум ки ме шавад
Қолаби тиҳии зи ханда бисёр шиша ро
Шояд ба ҷӯй рафта кунад оби бозгашт
Чун шуд тиҳии зи бода , мубини хори шиша ро
Дар шикваҳои талхи маро ихтиёр нест
намеоварад шароб ба гуфтори шиша ро
Чун омадӣ ба кӯии харобот бе талаб
Бар тоқ на салоҳу фурӯди ори шиша ро
Дил май дӯд ба санги маломат ба зӯри ишқ
намесозад ин шароби ҷигардори шиша ро
Бошад қадаҳ ҳамеша зи афтодагии азиз
Аз саркашӣ кунанд нигунсори шиша ро
Дар маҳфилӣ ки рози шарар май ҷаҳди зи санг
Мо кардаем пардаи асрори шиша ро
Бо мушти хоки ман чаҳ кунад оташин меӣ
Коўрд дар самоъи фалаки вори шиша ро
Санг ва сабуаст душмании тавбау шароб
То аз хамаст пушт ба кҳсори шиша ро
Дар соғар манаст шаробӣ ки май барад
Бихўд ба сайри кӯчау бозори шиша ро
Ин бодае ки он лаб мегаван рисонда аст
Чун нор шқ кунад дил бисёр шиша ро
Сайд аз ҳарами бурун чу наад пой , куштанӣ аст
Зинҳори зери хирқаи нигаҳи дори шиша ро
Хӯрдам фиреби чарх ба ҳамворе ки дошт
Кардам ғалат ба марҳами зангори шиша ро
Бар чархи суст аҳд манеҳ дили зи содагӣ
Тоқ шикаста нест сазовори шиша ро
Соиби зи пардаи дорӣ номӯс шуд халос
Ҳар каси шикаст бар сари бозори шиша ро