Афтодагӣ баровард аз хоки дона ро
Гарданкашӣ ба хоки нишонди нишона ро
Он булбулам ки дидани бол шикаста ам
Аз оби чашм дом кунад сабзи дона ро
Кӯи ҷазбае ки то нафас аз дили бароварам
Хошок гирдбод кунам ошиёна ро
Дар перӣ аз сиришки надомати мадори даст
Башикан ба оби субҳ , хумори шабона ро
Моро баҳам мазан ба зибардастӣ эй сипеҳр
Каз мӯӣ дарҳамаст хатар , дасти шона ро
Тарсам ба аҷзи ҳамли намоянд , агар на ман
Шарманда мекунам ба таҳаммули замона ро
Аз зоҳидии хушки ҳадис гуҳар мапурс
Каз баҳр нест баҳра ба ҷузи хаси карона ро
Дар худ гумони манзалатӣ ҳар киро ки ҳаст
Бар садр ихтиёр кунад остона ро
Ваҳшат кунад зи худ дили равшан , чаҳ ҷои халқ
Як тан , ҳазор тан буд ойӣнаи хона ро
Бо неку бад чу оинаи яксон сулӯк кун
Кин захмҳо зи мӯӣ шикофӣаст шона ро
Соиб сабур бош ки дар рӯзгори мо
Аз даст додаанд Аннани замона ро