Равшани зи доғҳои ниҳони сози сина ро

Аз пушт , рӯ шинос кун ин обгина ро

Як дам буд гирифтагии моҳу офтоб

Равшани гуҳар ба дили надиҳади ҷои кӣна ро

Дорад туро ҳамеша муаззаби фишори қабр

Аз гирди кӣна то накунӣ поки сина ро

Бе оҳи сарди дил ба мақомӣ наме расад

Мавҷи хатар буд пару боли ин сафина ро

Бо ҷисм , рӯҳии ман чу масеҳо кунад урӯҷ

Шаҳбози ман ба ҷо нагузорад нишина ро

Дил мекунам ба хати хуш азон зулфи мшкбор

Таҳи ҷуръае басаст хумори шбинаҳ ро

Аз ҳарфи всўти хурда ҷон меравад ба бод

Аз боди дасти ҳифзи намои ин хазина ро

Дар сина буд меҳри Рахш то хаташ дамид

Охир ба хати ёри расонадами сафина ро

Соиб ба орзӯии дили худ наме рисӣ

То пок аз орзӯ накунӣ лавҳи сина ро