эй ҷабҳаи ту оинаи сарнавишти мо
Равшан чу офтоб ба ту хубу зишти мо
Дар пилаи нишеб ба қорун баробараст
Мизони зи баси гаронии аъмоли зишти мо
Моро ба шикваи танагӣ олам наёвард
Халқ кушодааст фазои биҳишти мо
Аз оби Хизри донаи мо сабз гашта аст
Дасти озмои барқ фано нест кишти мо
Бо оби шӯр каъба нигарадем ҳам намак
То як дами оби талх буд дар кунишати мо
Чун офтоб агар сар мо бугзарад зи чарх
Афтодагӣ бурун наравад аз сиришти мо
эй абри раҳмати ин ҳамаи астодгӣ чаро ?
Вақтаст барқ реша дуанд ба кишти мо
Нуру сафо дар обу гул мо сиришта анд
Бар рӯй офтоб кашад теғ , хишти мо
Соиб кашид шуълаи зи дили доғи тоза Эй
Гул кард шамъи лолаи зи домони кишти мо