Ёқӯт каҳрабо шавад аз оҳи сарди мо

Айюбро кунад камарӣ , бори дарди мо

Чун пеши тоқи ҳиммати худро кунем нақш

Гардун намешавад садафи лоҷуварди мо

Барги хазони замини адаб бӯса ме диҳад

Пеши дили рамидау рухсори зарди мо

Афтодагӣ дар обу гул мо сиришта анд

Бошад чу нақши пои замини гири гирди мо

Дар рзмгаҳи бараҳна чу шамшер ме рӯем

Дар даст душманаст силаҳи набарди мо

Соиб ба ҳайратам , ки гирифтааст чун қарор

Дар кӯчаи банди зулф , дили ҳарзаи гирди мо ?