Дасти фалак кабӯд шуд аз гӯшмоли мо

Шухии з сар наҳашт дили хурдсоли мо

Чандини ҳазор ҷома бадал кард рӯзгор

Ғифлати нигар ки ранг нигараданд ҳоли мо

Бо он ки офтоби қиёмат баланд шуд

Беруни надоди нам , арақи инфеъоли мо

Чун офтоби саркашии мо зиёда шуд

Чандон ки беш дод фалаки хокмоли мо

Умри ончунон гузашт ки рӯи боз пас накард

Дунбол худ надид зи ваҳшати ғизоли мо

Афканди рӯзгор ба якбори сад каманд

Аз шаш ҷиҳат ба гардани ваҳшии ғизоли мо

Аз силии хазон ки зи рухи ранг май барад

Нагузошт боди саркашӣ аз сари ниҳоли мо

Холи шаб аз саҳифаи айём маҳв шуд

Аз шбрўӣ ба танг наомад хаёли мо

Соиби ҳазор ҳайф ки дар мазраъи ҷаҳон

Шуд сарфи шӯраи зори маосӣ , зулоли мо