Дил аз худо ба сунъи худо бастаем мо
Дар каъбаи дил ба қиблаи намо бастаем мо
Моро ба каъбаи ҷозибаи шавқ май барад
Дил бесабаб ба роҳнамо бастаем мо
Вомондагони қофилаи роҳ каъба ем
Аз коинот , дил ба худо бастаем мо
Муҳтоҷро зи сояи давлат гзир нест
Худро чу устихон ба ҳумо бастаем мо
Хоҳеми ғӯта дар дили хок сиёҳ зад
Ин кӯҳи оҳанӣн ки ба по бастаем мо
Машғӯл гаштаем ба дунёии ҳеҷу пуч
Бар коҳи дил чу коҳрбо бастаем мо
Дар роҳи шар , з барқ надорем пой кам
Дар роҳи хайр , пои ҳино бастаем мо
Ошиқ ба содаи лавҳӣ мо нест дар ҷаҳон
Каз ваъдаи ту дил ба вафо бастаем мо
Дар гулшани биҳишти барин во наме кунем
Чашмӣ каз интизори лақо бастаем мо
Шояд расад ба даргаи он подшоҳи ҳасан
Мактуби худ ба боли ҳумо бастаем мо
Умедро чу нест ба ҷузи коҳилии самар
Бар худ зи хавф , роҳи раҷо бастаем мо
Соиб ба рӯй дасти сари хеш дида ем
То чун ҳубоби дил ба ҳаво бастаем мо