Умрӣаст ҳалқа дар майхонаем мо

Дар ҳалқаи тасарруф паймонаем мо

Мақсӯди мо з хӯрдан менест бе ғамӣ

Аз ташнагони гиря мастонаем мо

Дар чашми ноқисони ҷаҳон гарчи норсим

Чун бода , ҷӯши сина майхонаем мо

Ушшоқро ба теғи забон гарм ме кунем

Чун шамъ , тозӣона парвонаем мо

Гар аз ситора сӯхтагон иморатем

Чун ҷғд , холи гӯша вайронаем мо

Умрӣаст рафтаем азин хокдони бурун

Бедардро хаёл ки дар хонаем мо

Чун хоб агарчӣ рахт иқомат фиканда ем

То чашм май занӣ ба ҳам , афсонаем мо

Аз наврасидагон харобот нестем

Чун хишт , пои шикаста майхонаем мо

Ҷузи ҷустуҷӯӣ ризқ надорем ҳеҷ кор

Чун Асия ба гирд , пай донаем мо

Дар машварат агарчӣ кушоди ҷаҳони зи мост

Саргаштатар зи сбҳаҳи сад донаем мо

Аз мо забони хомаи таклиф кӯтаҳ аст

Ин шукр чун кунем ки девонаем мо ?

Мҳрбтон дар обу гул мо сиришта анд

Соиби хамири моя бтхонаҳем мо