Дилро зи қайди ҷисм раҳо мекунем мо

Ин донаро зи коҳ ҷудо мекунем мо

Умри дубора дар гиреҳ рӯзгор нест

Ҷонро ба зулфи ёр фидо мекунем мо

Дар зарфи баҳри раҳмати ҳақи обу хӯн яке аст

Андешаи савоб ва хато мекунем мо

Оҳи ин чунин агар шаканд остини саъй

Пероҳани сипеҳр , қабо мекунем мо

Уфтад ғизоли давлат агар дар каманди мо

Аз ҳиммати баланд раҳо мекунем мо

Май май кашему ханда мастона ме занем

Бо ин ду рӯзаи умр чҳо мекунем мо

Меҳмони марг бар дар дил ҳалқа ме занад

То фикри ошён ва саро мекунем мо

Дар қулзумӣ ки нест сари Нӯҳ дар ҳисоб

Ҳамчун ҳубоб , касб ҳаво мекунем мо

Бо шӯх дидагон натавон ҳам нўолаҳ шуд

Зин хон насиби хеш ҷудо мекунем мо

Нагушӯд соиб аз мадади халқи ҳеҷ кор

Аз халқ рӯй дил ба худо мекунем мо