Аз гиряи хоки дом чаман мекунем мо

Дар ғурбатему сайр ватан мекунем мо

Ҳар санги порае ки фитад чашми мо бар ӯ

Аз як назари ақиқ Яман мекунем мо

Теғи фано чу оби ҳаёт истода аст

Дар хшксоли ҷисм ватан мекунем мо

Гар тўтё шавад қалами устихони мо

Машқи ҷунун ба зер кафан мекунем мо

Бе ҷабҳаи кушода , сухан рӯ наме диҳад

Ойӣнае чу ҳаст сухан мекунем мо

Дар байзаи ҳарфи тӯтии мо нақли бзмҳост

Дар маҳд , чун Масеҳ сухан мекунем мо

Як нофааст холи зи мишкӣни ғизол ӯ

Дар коми шер , сайр хутан мекунем мо

Мушкили гшости ғунчаи дилҳои ошиқон

Хӯн дар дили насим чаман мекунем мо

Фармонравои мисра барҷаста ме шавад

Соиб ба ҳар ки машқ сухан мекунем мо