Субҳи ҷаҳон буд нафас ғам задой мо

Ҷон тоза мешавад задам ҷонФзои мо

Бедор шуд зи хоби гронҷон бе ғамӣ

Ҳар кас шунид нолаи дрдошнои мо

Таҳи ҷуръае буд ки ба хокаш фишонда анд

Дарё , назар ба соғари мрдозмои мо

Чун кӯҳи қофи мавҷ призод ме занад

Аз ҷӯши фикри гӯшаи хилвати сарои мо

Ваҳшитар аз нигоҳи ғизол рамида ем

Аз мардумон канора кунад ошнои мо

Инсоф нест бор шудан бар шикастагон

Паҳлавии хушки хеш буд бӯрёии мо

Болини зи сари гаронӣ мо нест дар азоб

Аз дасти худ буд чу сабуи муттакои мо

Чун пасти Фитратони ғам рӯзӣ наме хӯрем

Каз хӯрдан диласт муҳайёи ғизои мо

Фориғи зи касби обу ҳавоӣам чун ҳубоб

Каз ашку оҳи худ буд обу ҳавои мо

Чоҳи ҳасуд дар раҳи мо чашм ҳасрат аст

То гаштааст ростии мо Асои мо

Сайқал ба чашми оинаи мости нохунак

Аз муваҷҷаҳ худаст чу дарёи ҷилои мо

Ҳар беҷигар ба мо тарафи ҷанг чун шавад ?

Бархестан буд зи сари ҷони ливои мо

Дасти ҳимоят аз раҳи оҳистагӣ шуда аст

Мӯрӣ фитодааст агар зери пои мо

Афлокро ба силсилаи ҷунбон чаҳ ҳоҷатаст ?

Беоб , сайр ва давр кунад Осиёи мо

Чандини ҳазор гумшударо раҳнамо шуда аст

Дилҳои шаб ба каъбаи мақсад дароӣ мо

Осӯдатар зи дидаи қурбониён буд

Аз тарки орзӯи дил бе муддаои мо

Қурсӣ набӯд агар чаҳ фузуни ризқи мо чу меҳр

Як зарра бенасиб нашуд аз атои мо

Аз ранги зарди мости дили лолаи зори хӯн

Гар сурх нест чун гули ҳмрои қабои мо

Дар айни хоксорӣ агар тунде кунем

Бо чашми созгор буд тўтёии мо

намегардад аз саодати ҷовиди комёб

Бар ҳар сиррӣ ки соя фикан шуд эй мо

Моро агар чаҳ чун дигарон нест хурда Эй

Кон зараст аз рухи заррин , сарои мо

Ҳар уқдае ки зулф сухан дошт , боз кард

Соиби забони хомаи мушкили гушои мо