Натавон ба бемисол расед аз мисол ҳо
Аз раҳи Марв ба мавҷи сароби хаёл ҳо
Бонги ҷараси зи хӯбии Юсуф чаҳ огаҳаст ?
Дар канаи зот ҳақ нарасад қилу қол ҳо
Заррин чу баргҳои хазон дида гашта анд
Аз боди дастии ту , забони савол ҳо
Мо чун қалами тамом забон шикоятем
Дар хилватӣ ки қол шуморанд ҳол ҳо
Аз иштиёқи доми ту мурғони дурбин
Дар байза медиҳанд саранҷоми бол ҳо
Дар рӯзгори чашми ту ҷом тиҳӣ намонад
Яксар шуданд моҳи тамоми ин ҳилол ҳо
Доғӣ ки буд бар дили маҷнӯни дўргрд
Шуд тоза аз сиёҳии чашми ғизол ҳо
Даҳ дар шавад кушода , шавад баста чун дарӣ
Доранд даҳ забони зи даҳ ангушт , лол ҳо
Дар аҳди покдоманӣ ӯ наме равад
Дилҳои бадгумон ба раҳи эҳтимол ҳо
Соиби зи хобҳои парешон халос шуд
Ҳаркас ки сода кард дил аз хату хол ҳо