Вақтаст срброўрд аз хок , лола ҳо

Ояд зи зӯри бода ба гардиши пиёла ҳо

Гардид тоза , доғи фурӯрафтагони хок

Дар чашму дили марои зи тамошои лола ҳо

Девонагӣаст силсилаи пои кӯдакон

Ваҳшат намекунанд зи маҷнӯни ғизола ҳо

Дар даври оризи ту чу ашк аз назар фитод

Моҳӣ ки буд мардумаки чашми ҳола ҳо

То дили зи доғи сода буд , фард ботил аст

Бемеҳр , эътибор надорад қибола ҳо

Ҳар чанд не ба нолаи зи дилҳо грҳгшост

Аз банди худ халос нагардад ба нола ҳо

Бар сафҳаи изор батон , нуқтаҳои хол

Дар мусҳафи Маҷид буд чун ҷалола ҳо

Соиб ба чашм ҳар ки шуд аз фикри хурдаи байн

Дар ҳеҷ нуқта нест , набошад рисола ҳо