Аз хеш баровард таманнои ту мо ро
Сар дод ба фирдавси тамошои ту мо ро
Хуштар зи тамошои хиёбон биҳишт аст
Ҳар ҷилвае аз қомати раънои ту мо ро
Чун соя ки сар дар қадам сарв гузорад
Маҳваст саропо ба саропои ту мо ро
Моро натавон аз ту ҷудо кард , ки доданд
Дилбастагии хос ба ҳар ҷои ту мо ро
Чун субҳи барангехт ба як хандаи пинҳон
Аз хоби адам , лаъли шкрхои ту мо ро
Имрӯзи зи рухсораи худ пардаи барандоз
То нақд шавад ҷинати фардои ту мо ро
Ин моҳзрӣ буд ки дар дидани аввал
Кард аз ду ҷаҳони сайр , тамошои ту мо ро
Ҳошо ки зи ойӣнаи дил пок насозад
Гирди ду ҷаҳон , домани саҳрои ту мо ро
Гӯи сайли фанои гирди براردи зи ду олам
Кофӣаст сияҳи хонаи савдои ту мо ро
Соиб ба наво кӯш , каз ин нағмаи тарозон
Кофӣаст ҳамин савти длорои ту мо ро