Дилгир кунад ғунчаи ман субҳи ватан ро
Дар хок кунад кулуфти ман сарви чаман ро
Юсуф на матоъӣаст ки дар чоҳ бимонад
Аз дидаи бадхоҳ чаҳ парвост суханро ?
Аз доғи маломати ҷигар мо наҳаросад
Аз чашм Суҳайласт чаҳ андешаи Яманро ?
Зўдо ки шавад барги нишоташи кафи афсӯс
Боғӣ ки диҳад роҳи сухани зоғу заған ро
Он серума ки ман аз нафас сӯхта дорам
Дар байзаи нафас гир кунад мурғи чаман ро
Чун шамъ ба тадриҷи азин хирқаи буруни ой
Магузор ба шамшери аҷали кори бадан ро
Бе хӯни ҷигар , маънии рангини надиҳад рӯй
Чун нофа буриданд ба хӯн , нофи сухан ро
Муштоқи турои марг Аннангир нагардад
Шавқ ту кунад ҷомаи эҳром , кафан ро
Бар маснади иззат ба ғарибӣ чу нишинӣ
Аз ёд мабар чашми броҳони ватан ро
Озодаи равони ташна асбоб ҳалоканд
Бетобӣ Мансур диҳад тоби расан ро
Як бори ҳам аз чеҳраи ҷон гирд биафшон
То чанд тавон дод сафо , хонаи танро ?
Соиб чаҳ хаёл аст шавад ҳамчуи назирӣ ?
Урфӣ ба назирӣ нарасонид сухан ро