На куфри шиносади дили ҳайрон ва на дайн ро

Аз нақши чапу рост хабар нест нигин ро

Ҳар чанд ҳиҷоби ту забони банди ҳўсҳост

Зинҳори зи сар боз макун чини ҷабин ро

Чашми ту ба дили фурсат назора набахшад

Ин сайди зи сайёд гирифтааст камӣн ро

Ҳар ҷои лаби лаъли ту ба гуфтори даройад

Дар оби гуҳар ғӯта диҳад мағзи замин ро

Охир ки туро гуфт ки аз хонаи харобон

Танҳо кунӣ ободи ҳамин хонаи зинро ?

Осӯда буд ишқи з бе тобии ошиқ

Аз зилзилаи хок чаҳ ғами чархи баринро ?

Магузор ба лаъл ту фитад чашми ҳўснок

Кин абр буд реги равони оби нигин ро

Май тарсам азон чашми сияҳи маст ки охир

Аз роҳи баради соиб саҷҷода нишин ро