Аз сӯзи ишқ чун шамъ роҳат куҷост моро ?

Тан бута гудозаст то сар баҷост мо ро

Роҳи сулӯки моро аз хор мекунад пок

Ин оташӣ ки аз шавқ дар зер пост мо ро

Аз ошноӣ бисёр шоданд агар дигарҳо

Шодем каз ду олам як ошност мо ро

Дорем бас ки ваҳшат аз дӯстони расмӣ

Ҳар ранҷишӣ ки биҷост лутф баҷост мо ро

Аз рӯзҳои кӯтоҳ бошад дарозии шаб

Аз норасои бахт оҳ расост мо ро

Бар обгинаи мо занг мухолифат нест

Бо хубу зишти олами сулҳ ва сафост мо ро

Бо сад забон надорем ёроии шиква кардан

Чун ғунчаи дили пар аз хӯн зин моҷарост мо ро

Аз гул ба дидани гул аз чиданем қонеъ

Ҳар барги ин гулистон даст дуост мо ро

Вақтаст ҳамчуи қоруни моро кунад замини гир

Бандӣ ки аз алойиқ бар даст ва пост мо ро

Аз бе қарории дили олам буд пар аз шӯр

Дунёст орамидагар дил баҷост мо ро

Сари зер пар кашӣдан беҳтари з сарфарозӣ аст

Боли шикастаи худ бол ҳумост мо ро

Чун об бе қарорем аз ташнаи чашмии ҳирс

Ҳар чанд зомини ризқ на Асияст мо ро

Ояд чисон ба соҳили солими сафинаи мо ?

Бар нохудои таваккул беш аз худост мо ро

Аз азми ноқиси худ як ҷӯ хабар надорем

Чун коҳи боли парвоз аз каҳрабост мо ро

Холии зи домани шаби даст дуо наёяд

Дар даври хат ба ҷонони амидҳости мо ро

То дидааст гирёни мо зиндаем чун шамъ

Аз ашки хеши соиб об бақост мо ро