Бастааст чашми равшан аз сайр , боли мо ро

Чун шамъ реша бошад дар сари ниҳоли мо ро

Гирди ятемии мо чун гавҳараст зотӣ

Натавон фишонд аз дили гирди малоли мо ро

Моро зи зер пар ҳаст роҳӣ ба он гулистон

Ҳар чанд сахти бандади сайёди боли мо ро

Он кас ки дод моро зи оғоз ончӣ боист

Ҳам мекунад дар охири фикри моли мо ро

Чун соилони мубрам аз теғ рӯ нтобем

Чин ҷабин набандад роҳи саволи мо ро

То ме тавон гирифтан эй дилбарон ба гардан

Дар даст ва по марезед хӯни ҳалоли мо ро

Мо чун гуҳари ҳисорӣ дар рӯй сахт хешем

Аз хшксол ғам нест оби зулоли мо ро

Чун машк суда созад носури захмҳо ро

Гардӣ ки хезад аз раҳи мишкӣни ғизоли мо ро

Аз қилу қол ҳар каси ҳолаш буд ҳувайдо

Натавон наҳуфта кардан аз халқи ҳоли мо ро

Доим ба обрўиим аз файзи хоксорӣ

Аз даст ҳам рубойанд риндони суфоли мо ро

Дар нотамомии имрӯз аз мо тамомтар нест

Ҳар наақсо чаҳ донад соиби камоли моро ?