Аз бихўдӣ намондааст пурвои ҷисм , ҷон ро

Мастии зи ёди булбул бардааст ошён ро

Аз хеши рафтагонро ҳоҷат ба роҳбар нест

Як манзиласт дарёи сайли сабки Аннан ро

Ҳар каси зи кӯй ӯ рафт дилро гузошт бар ҷой

Мурғон баҷо гузоранд дар боғи ошён ро

Ҳасани ғаюрро нест пурвои талхкомон

Аз хӯни хеши Фарҳод ширин кунад даҳон ро

Аз ҳасанҳои маҳҷӯб доғанд хираи чашмон

Тифлон фитода хоҳанд девори гулистон ро

Аз об рӯй Юсуфи хок мурод гардид

Гардӣ ки бар ҷабин буд аз роҳи корвон ро

Мустағриқи фаноро аз нестӣ хатар нест

Киштӣ дуруст бошад дарёии бекарон ро

Аз тири оҳи мазлӯми золими амони наёбад

Пеш аз нишонаи хезад аз дили фиғони камон ро

Нахлӣ ки аз самар нест ҷузи санг дар канораш

Бод мурод донад дмсрдии хазон ро

Аз ноқисон хамӯшӣ арз камол бошад

Натавон ба таҳта кардани барчӣдани ин дукон ро

Бе доғи ишқи соиб равшан намешавад дил

Хуршед мефурӯзад рухсори осмон ро