Андеша набӯд ишқро аз муваҷҷаҳи шамшерҳо
Сайр чироғон мекунад маҷнӯни зи чашми шерҳо
Чун муваҷҷаҳи реги равон дар дашт ҷавлон ме занад
Аз шӯриши савдои ман шерозаи занҷирҳо
Рӯзӣ ки нақши зулф ӯ бар об зад дасти қазо
Чун мӯ бар оташ ҳалқа зад сарриштаи тадбирҳо
Аз чеҳраи заррини ман зар дар назарҳо хор шуд
Аз хорксориҳои ман беқадар шуд эксирҳо
Дарёии равшани сайлро оварад аз зулмати бурун
Ҳошо ки оради афви ҳақ бар рӯй мо тақсирҳо
Аз ғунчаи пайкон ӯ натавон шунидани буии хӯн
Аз баси хадангаши софи ҷуст аз синаи нахҷӣрҳо
Афсонаи ғифлати куҷо май басти мижгони маро ?
намедид чашми ман агар дар хоби ин таъбирҳо
Ин уқдаи мушкил ки зад абрӯӣ ӯ дар кори ман
Бисёр хоҳад кард не дар нохуни тадбирҳо
Бо оҷизӣ гарданкашон доғанд аз иқболи ман
Бо хоксорӣ чун ҳадаф дар хок дорам тирҳо
Дар банди ҳам фориғ наянд аз шуғли ишқи озодагон
Маҷнӯни назар бозӣ кунад бо ҳалқаи занҷирҳо
Юсуфи изориро ки ман зиндонӣ ӯ гашта ам
Аз хона берун медуанд аз шавқ ӯ тасвирҳо
Ин доми Мишкӣнӣ ки ман дар гардан ӯ дида ам
Оҳӯӣ мишкӣн мешаванд аз буи ӯ нахҷӣрҳо
Як уқда зон зулфи сияҳ бар мӯи шикофон арз кун
То нақши бандад бар замини сарпанҷаи тадбирҳо
То кард тарк май дилами як шарбати об хуш нахурд
Бемор шуд Тифли ятем аз ихтилофи шерҳо
Рози даҳони танг ӯ соиб шавад пӯшида тар
Ҳар чанд хат афзӯн кунад ин нуқтаро тафсирҳо