Манеҳ бар дили зори бори ҷаҳон ро

Сабки соз бар шохи гули ошён ро

Нафас оташин кун ба тасхири гардун

Ки оташ кунад нарм , пушти камон ро

Чу шуд заҳри одат , музират набахшад

Ба марг ошно кун ба тадриҷи ҷон ро

Ҳаминаст пайғоми гулҳои раъно

Ки як коса кун навбаҳору хазон ро

Дили соф дар банд дунё намонад

Ба тадриҷ гавҳар хӯрд ресмон ро

Буд кимиёи қурби аҳли саодат

Ҳумои мағз давлат кунад устихон ро

Баровари зи дили оҳи гардуни навардӣ

зи сар боз кун ин шарору духон ро

зи тан даст бурдору ҷонро сафои даҳ

Ки ойӣна чашмаст ойӣнаи дон ро

Ба ғайр аз зиён нест дар худфурӯшӣ

Агар суд хоҳӣ бабанд ин дукон ро

зи миъроҷи мансаби мҷуи пойдорӣ

Ки бар ях буд пои ин нардбон ро

Буд ғайбати халқ , мрдорхўорӣ

Бипардоз азин луқмаи кому забон ро

з гавҳар диҳад луқмаи ?ути абри Нитсаон

Агар чун садафи поксозӣ даҳон ро

Накард осмони рости қомат дар ӣнҷо

Ту хоҳӣ кунӣ рост , кори ҷаҳонро ?

Такаллуф макун дар сулӯкӣ ки дорӣ

Чу хоҳӣ ки аз худ кунӣ миҳмон ро

Ба занҷир , девона нанишинад аз по

Чаҳ пурвой мавҷаст оби равонро ?

Фалакро матарсон ба оҳи дуруғин

Ки аз тир каҷ нест парвои нишон ро

Ба ашкӣ тавон кунад бунёди ғифлат

Ки як қатра , сайласт хоби гарон ро

Ҷаҳон устихонӣаст бе мағзи соиб

Ба пеш саг андоз ин устихон ро