Бехудӣ рафтанаст дилҳо ро
Ҳуш вомонднаст дилҳо ро
Оҳ беихтиёр аз сари дард
Доман афшоданаст дилҳо ро
Чашми пӯшидан аз ҷаҳони хароб
Чашми во карданаст дилҳо ро
Ғӯта хӯрдан ба заҳри нокомӣ
Сабза ғалтиданаст дилҳо ро
Сина додан ба захми тири қазо
Нешикар хӯрданаст дилҳо ро
Аз ҷигарҳо насими сӯхтагӣ
Буи пероҳанаст дилҳо ро
Оҳ , афшодани ғубор аз ҷон
Гиря , афшурданаст дилҳо ро
Гуҳари ашки дам ба дам сифтан
Дарди худ гуфтанаст дилҳо ро
Айши ширини ин ҷаҳони хароб
Талхӣ мурданаст дилҳо ро
Нафасро мутлақи алънон кардан
Хасм парварданаст дилҳо ро
Гул бе хори орзӯмандӣ
Хор пероҳанаст дилҳо ро
Дида ҳарчанд мӯшикоф буд
Парда диданаст дилҳо ро
Нест пӯшида дар ҷаҳони розӣ
Чашм агар равшанаст дилҳо ро
Ҳоли дилҳо зи дида ҳо пайдост
Дидаҳо равзанаст дилҳо ро
То нагардад нигоҳ гӯша нишин
Барқ дар хирманаст дилҳо ро
Осмон гарчи вусъатӣ дорад
Чашма сӯзанаст дилҳо ро
То нагардад забон хамӯш аз лоф
Об дар равғанаст дилҳо ро
Дарди ҳаркас ба қадар бениш ӯст
Ранҷ беш аз танаст дилҳо ро
Ба забони ҳарфи дӯстии гуфтан
бадгумон карданаст дилҳо ро
Танги халқӣ ба дӯстони соиб
Дар ҳам афшурданаст дилҳо ро