Аз туҳидастӣаст дар мағзи чанори ин печу тоб
Чашми зоҳирбини з бедардӣ кунад ҷавҳари ҳисоб
намешавад чун нофаи мӯяш дар ҷавониҳо сифед
Ҳар ки хӯни хешро созад чу оҳӯи машки ноб
Роҳат беранҷ дар мотами сарой хок нест
Хандаи гули гиряҳои талх дорад чун гулоб
Дар баландӣ бо фурудастони тавозуъ пеша кун
То чу моҳи нави туро гардун кунад аз зари рикоб
намекашад аз ишқ , ҳайфи худ дил бе тоби мо
намекунад хӯн дар дили оташ ба гардидани кабоб
Нест аз боди мухолифи фарқ то боди мурод
Шуд тнки дарёнавардиро ки дил ҳамчун ҳубоб
Ишқ дар дилҳои равшан беқарорӣ ме кунад
Партави хуршед дар ойӣна дорад изтироб
Кӯтаҳаст аз ҳарфи хомӯшони забони эътироз
Эмин аз теғаст ҳар хӯнӣ ки гардад машки ноб
Дил манеҳ бар умри мстъҷл ки асби тунд ро
Нест монеъ аз давидани по фишурдан дар рикоб
Май дӯд дар ҷустуҷӯии об , доим ҳар тараф
Гарчи аз обаст соиби пардаи чашми ҳубоб