Гарчи бо ҳар муваҷҷаҳ эй дом дигар медорад об
Аз таҳи дили васли дарё дар назар медорад об
Зуд гардад лутфи ҳақ , афтодагонро дастгир
Чун ба пастӣ рӯ гузорад бол ва пар медорад об
Киштяшро хушкии дарё наме бандад ба хушк
Аз қаноат ҳар ки дар дил чун гуҳар медорад об
Бевусӯл аз гирд ҳастӣ поки гаштан мушкил аст
То ба дарё бар ҷабини гирд сафар медорад об
Аз камӣни душмани ҳамвор , худро поси дор
Теғҳо аз мавҷ дар зер сипар медорад об
Нест айши хоксоронро ба шоҳони нисбатӣ
Дар суфоли тозаи рӯи лутф дигар медорад об
Ҳукми равшани гавҳарон ҷорӣаст бар дилҳои сахт
Дар раги сангу дили оҳан гузар медорад об
Синаи софи маро ҳар доғи савдо айнакӣ аст
Олимӣ аз ҳар ҳубобӣ дар назар медорад об
Доғдор аз ранг набӯд доман бе рангяш
Гарчи дар ҳар барги гул , ранг дигар медорад об
Ташнаи чашмии лозими ҳирси хасис афтода аст
Мавҷи ин дарёи тамаъ аз нештар медорад об
Мо ба ёди хӯни дил гоҳе шаробӣ ме хӯрем
Ташна теғаст ҳар захмӣ ки барме дорад об
Сахти рӯйонро забон лоф мебошад дароз
Шӯриши сайлоб дар кӯҳ ва камар медорад об
Рӯзии хунини дилон аз ғайб соиб ме расад
Лаъл агар дар санг бошад , дар ҷигар медорад об