Мад кӯтоҳӣаст субҳ аз дафтари эҳсони шаб

Срмкш чун хомаи зинҳор аз хати фармони шаб

Машриқ хуршед мегардад гиребонаш чу субҳ

Ҳар ки овезади з рӯй сидқ дар домони шаб

Ҳаст дар абри сияҳи борони раҳмати бештар

Тоза рӯ дорад суфоли хокро райҳони шаб

Моҳрӯе ҳаст пинҳони зери ин чатри сиёҳ

Срсрӣ магзар чу бод аз зулфи машки афшони шаб

Май расонади даври гардонро ба миъроҷи вусӯл

Дар назари вокрднии шабдизи хуши ҷавлони шаб

Тухми ашкиро ки афшонанд дар домон ӯ

Ҳамчуи парвини хӯша гавҳар кунад деҳқони шаб

Шева ӯ нест ғаммозӣ чу субҳи паии сифед

Осӣонро парда пӯшӣ мекунад домони шаб

Пардаи ғифлати ҳиҷоби чашм хоб олуд туаст

Варна лабрезаст аз алвони неъмат , хон шаб

Чун Сикандар , олимии саргашта дар ин зулматанд

То киро сероб созад чашмаи ҳайвони шаб

Ғофилонро парда хобаст , варна аз шараф

Аҳли дилро ҷома каъбааст шодравони шаб

Дар таҳи ин занг ҳаст ойӣнаи симоеи ниҳон

Чашм зоҳирбин набинад хӯбии пинҳони шаб

Ман чисон аз рӯй моҳаш чашм бурдорам , ки ҳаст

Бо ҳазорон чашми равшан , осмони ҳайрони шаб

Пеши чашм ҳар ки соиб равшанаст аз нури дил

Ояи раҳмат буд сар то сари девони шаб