Сохтам аз қатли нодами дилрабои хеш ро

Оқибат зон лаб гирифтам хунбҳоии хеш ро

Фикри дилҳои парешон кӣ парешонаш кунад ?

Он ки дар пои афканди зулфи дўтои хеш ро

Шабнами бегонае ин ғунчаро дар кор нест

Тар макун аз бодаи лаъли ҷонФзои хеш ро

Оҳу дӯдаши сунбулу райҳон ҷинат ме шавад

Дар дил ҳар кас кисозӣ гарми ҷои хеш ро

Аз хазон ҳаргиз нагардад навбаҳораш рӯй зард

Гар хамир аз ашки мансозӣ ҳинои хеш ро

Гар ба ин сомони хӯбӣ рӯй дар Миср оварӣ

Моҳи канъони рӯ намо созад баҳоии хеш ро

Гул нахоҳӣ зад , чаҳ ҷои санг бар девонагон

Гар бадонеи лиззати ҷавру ҷафои хеш ро

Юсуфи симини баданро тоби ин занҷир нест

Боз кун эй сангдили банди қабои хеш ро

Баъди азин ойӣнаро бар тоқ нисён ме наҳй

Гар бибинӣ дар дили поками сафои хеш ро

Гар чаҳ медонам шикоятро дар ӯ таъсир нест

намекунам холии дили дарди ошнои хеш ро

Нолаам то буд кам , соиби асар бисёр дошт

Беасар кардам з бисёре , навой хеш ро