Накунад бодаи шаб , сӯхтагонро сероб
Ташна дар хоб шавад ташнатар аз хӯрдани об
Пеш аз он дам ки кунад хӯни шафақро шаби машк
Ҳамчу хуршед барафрӯз рух аз бодаи ноб
Дар баҳорон машав аз бодаи гулгуни ғофил
Ки з ҳар лола дар оташ будаш наъли шитоб
Ба ҷавонӣ натавонӣ чу расӣдан , борӣ
Ҷаҳд кун аҳди ҷавонии ҷаҳонро дарёб
Ба ҷавонӣ натавонӣ чу расӣдан , борӣ
Ҷаҳд кун аҳди ҷавонии ҷаҳонро дарёб
То тавон нағма сероб шунид аз булбул
Машну замзамаи хушки неу чангу рубоб
Ҳар чаҳ дории гарав бода кун айёми баҳор
Дар хазон аз гарави бодаи баровари асбоб
То буд нағмаи булбул , машну соз дигар
То буд дафтари гул , рӯй мёўр ба китоб
Бо нафаси сӯхтагии лолаи баромад аз санг
Ба кудурат чаҳ фурӯи рафтае , эй хонаи хароб
Шӯри булбул намакӣ нест ки доим бошад
Намакӣ чанд азин шӯр биафшон ба кабоб
Орифони ғофил аз афсона дунё нашаванд
Булбулонро накунад субҳи баҳорон дар хоб
Навбати хоб ба шабҳои даии афкани соиб
Ки ҳаромаст дарин фасл ба бедорони хоб