Чеҳраи нўхти он тозаи ҷавонро дарёб
Зери абри тнки он барқи Аннанро дарёб
Пеш азон дам ки з миқроз шавад по ба рикоб
Чашм бигушоӣ , хат машк фишонро дарёб
Ду се рӯзӣаст сафои хати пушти лаб ӯ
Зуди таҳи ҷуръаи умри гузаронро дарёб
Давлати сангдилони зуд ба сар ме ояд
Хати райҳонии ёқӯти лабонро дарёб
Дар шаби қадар ба ғифлат гузарондан ситам аст
Рӯзгори хати он тозаи ҷавонро дарёб
То лаби лаъли ту беоб нагаштааст зи хат
Кишти умеди ман сӯхтаи ҷонро дарёб
Агар аз ҳасани глўсўзи баҳории ғофил
Ҷигари сӯхтаи лолаи ситонро дарёб
Агар аз мӯии шикофони ҷаҳонии соиб
Камари нозуки он мўрмёнро дарёб