Даст кӯтаҳ макун аз домани эҳсони талаб

То кашии накҳати Юсуфи зи гиребони талаб

Солики он ба ки шикояти з маломат накунад

Ки буд захми забон , хори биёбони талаб

Раҳрави ишқ маҳоласт ки афсурда шавад

Арақ сард надорад таби сӯзони талаб

Панҷаи саъии турои нохун ғайрат кунадаст

Варна белаъл ва гуҳар нест раги кони талаб

Аз талаб чун шавам осӯда , ки ҳар чашм задан

намешавад тозаи зи рухсори ту имони талаб

Шоҳиди нотиқи комили талабон хомӯшӣ аст

Шикваи даврӣ роҳаст зи нуқсони талаб

Осмонҳо нафаси биҳдаҳ Эй ме сӯзанд

Ба давидан нашавад қатъ , биёбони талаб

Чашми пӯшидаи зи дидор чаҳ лиззат ёбад ?

Чаҳ кунад ҷилваи матлӯб ба ҳайрони талаб ?

Ҷазбаеро ки ба ънонгирӣ шавқам бифирист

Ки азин беш надорам сару сомони талаб

Хори саҳрои ҷунун аз дили ман сероб аст

Зуҳраи шер буд оби Нитсаатон талаб

Ман чаҳ гунҷишки заъифам , ки ҳазорон симурғ

Болу пари рехта дар сайри биёбони талаб

Ҷилваи шоҳиди мақсӯд буд парда нишин

То мусаффо нашавад оинаи ҷони талаб

Пой аз ҳалқа занҷир гузорад бар тахт

Ҳар ки як чанд кунад сабр ба зиндони талаб

Ҳар ки чун ғунча кашад дасти тасарруф дар ҷайб

эй басои гул ки бичинад зи гулистони талаб

Соиб аз захми забони ишқ муҳобо накунад

Хасу хошок буд сунбулу райҳони талаб