Чун кунад он ғамзаи хўнризи урёни теғ ро
Бахя ҷавҳар шавад захми намоёни теғ ро
Рехти хӯни оламу мижгон ӯ хунин нашуд
Тезӣ саршор созад покдомони теғ ро
Дар дили фӯлод чун санги оташӣ пинҳон набӯд
Хӯн гармам шуд чароғи зери домони теғ ро
Дастгоҳ лоф мехоҳанд соҳиби ҷавҳарон
Наъл дар оташ буд аз баҳри майдони теғ ро
Кор чун гуёст , бекораст изҳори камол
Тарҷумон бошад лаби захми намоёни теғ ро
Ошиқ содиқ намегирданд аз бедод рӯй
Субҳ аз хуршед мегирад ба дандони теғ ро
Аз дили озорӣ буд оҳани дилонро зиндагӣ
Хӯни гуворотар буд аз оби ҳайвони теғ ро
Ҳар куҷои он теғи абрӯ аз ниёам ояд бурун
намекунад беҷавҳарӣ дар қабзаи пинҳони теғ ро
Илми расмии синаи софонро намеояд ба кор
Ҷавҳар ӣнҷо мешавад хоби парешони теғ ро
Бар дил перон махӯр каз аҷзи српиши афканон
Бештари зер сипар доранд пинҳони теғ ро
Ҳар ки медонад бақои хеши соиб дар фано
Май шуморади муғтанам чун мади эҳсони теғ ро