Арақ фишонӣ он глъзорро дарёб

Ситораи резии субҳи баҳорро дарёб

Ғубори хат ба забон шикаста ме гуяд

Ки файзи субҳи биногваши ёрро дарёб

Ақиқ дар даҳани ташнаи кор об кунад

Ба ваъдае ҷигари доғдорро дарёб

Саводи ҷавҳари теғи қазо ба даст овар

Дигар ишораи абрӯии ёрро дарёб

Даруни хонаи хазону баҳор икрнг аст

зи хеши хаймаи буруни зани баҳорро дарёб

зи нуқтаи ҳарфи шиносони китоби дон шуда анд

з хат бапуш назар , холи ёрро дарёб

Шрорҳост азон рӯй оташин , анҷум

Агар зи сӯхтагонии шарорро дарёб

Ту каз шароби ҳақиқати ҳазор хами дорӣ

Ба як пиёлаи ман хоксорро дарёб

Ҳамеша давр ба ком касе наме гардад

Ба як ду ҷуръаи ман беқарорро дарёб

зи файз субҳ машав ғофил эй сиёҳи дарун

Сафои ин нафас беғуборро дарёб

зи гоҳўораҳ таслим кун сафинаи хеш

Миёни баҳр , ҳузури канорро дарёб

Ҳамеша рӯй ба девор ҷисм натавон дошт

Сафои талъати ҷони фигорро дарёб

Ғубори қофилаи умр чун намоён нест

Ду асба рафтани лайл ва наҳорро дарёб

Ба хӯни зи неъмати алвон чу нофаи қонеъи шӯ

Таровуши нафаси мшкборро дарёб

( машав ба барги тасаллии з нахл ҳастӣ хеш

Бакӯш , миваи ин шохсорро дарёб )

Дарин риёз чу соиби з ғунча хусбон шӯ

Гиреҳи гушойии боди баҳорро дарёб