Ҳар киро ӣнҷо ба силӣ осмон хоҳад навохт

Дар канори марҳамат , дар он ҷаҳон хоҳад навохт

Боғбон дар навбаҳорон гӯшмолӣ ме диҳад

Нағмасанҷиро ки дар фасл хазон хоҳад навохт

Қатраи моро зи чашми андохтгар абри баҳор

Дар канори лутф , баҳр бекарон хоҳад навохт

намезанад барқи фано бар хирмани мо хеш ро

Тобаи барги коҳи моро каҳкашон хоҳад навохт

Сози сайри оҳанги моро бар замин зад осмон

Чанг ва ноӣ бенавоёнро чисон хоҳад навохт ?

Мо ятемонро ба ҷӯии шер , лутфи кирдигор

Ҳамчуи модар дар биҳишт ҷовдон хоҳад навохт

Боғбон аз чашми поки мо агар воқиф шавад

Ҳамчуи шабнам дар канор гулистон хоҳад навохт

Ҳеҷ касро дил ба ашки оташин мо насӯхт

Тифли моро домани охир замон хоҳад навохт

Ҳастӣ мо сарф шуд дар гӯшмоли ғам , магар

Дар канори хоки моро осмон хоҳад навохт ?

Он сулаймонӣ ки кард аз мағзи чашми зоғи сайр

Ин ҳуморо ҳам ба муштӣ устихон хоҳад навохт

Дар даҳони шер агар уфтад , мусаллам май ҷаҳд

Ҳар шикориро ки он абрӯ камон хоҳад навохт

Навбати гуфтор агар соиб ба мо хоҳад расед

Мӯри моро он сулаймон замон хоҳад навохт